АНМН: Мусодираи миқдори зиёди маводи мухаддир ва аслиҳа

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддир ва аслиҳаро дарёфт ва мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии […]

ASIA-Plus


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ахири ҳафтаи гузашта дар вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддир ва аслиҳаро дарёфт ва мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як нафар шаҳрванди 23-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардидаанд.

Гуфта мешавад, зимни кофтукови шахсӣ аз онҳо рӯймоли афғонии дорои 5 килову 732 гр афюн ва тахминан 11 кг ҳашиш ва ҳамчунин як адад туфангчаи тамғаи “Беретта” бо ду адад тирдонаш ва ҳафт дона тир дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дастгиршудагон дар тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатии Агентӣ қарор доранд ва аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.