Спектакли «Одноклассники. Уроки жизни» (Ҳамсинфон. Сабақҳои ҳаёт)-и Business Theatre (театри BТ)-и Алмаато ба ҷоиза Гран-прии фестивали спектаклҳои ArtОкраина дар Санкт-Петербург сазовор дониста шуд. Муаллиф-басҳнагузорандаи спектакл коргардони шинохтаи тоҷик, нависанда ва драматург Барзу Абдураззоқов мебошад.
Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, барои Business Theatre (театри BТ)-и Алмаато ин нахустин таҷрибаи иштирок дар фестивалҳо будааст. Дар фестивал 10 спектакли театрҳои Русия, Сербия ва Фаронса намоиш дода шудааст.
Гуфта мешавад, барои харҷи сафар ба Санкт-Петербург театри Алмаато аз тамошобинон кумак хоста, ин спектаклро намоиш медодааст. Қисмате аз маблағ барои харидории билетҳоро Академияи миллии санъати Қазоқистон ба номи Т.Жургенов ва маблағи боқимондаро Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон ҷудо кардаанд.





