Муҳоҷирони фирорӣ аз қабулгоҳи Нижегород шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд

Муҳоҷирони корие, ки аз қабулгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷии вилояти Нижний Новгороди Русия фирор карда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд. Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо мусоидати Аюб  Нуриддинов, роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳр, муайян карда шудааст, ки се нафар муҳоҷире, ки аз қабулгоҳи махсуси Нижегород гурехтаанд, шаҳрвандони тоҷик набуда, шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд. Ёдрас мекунем, […]

ASIA-Plus



Муҳоҷирони корие, ки аз қабулгоҳи махсус барои шаҳрвандони хориҷии вилояти Нижний Новгороди Русия фирор карда буданд, шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, бо мусоидати Аюб  Нуриддинов, роҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳр, муайян карда шудааст, ки се нафар муҳоҷире, ки аз қабулгоҳи махсуси Нижегород гурехтаанд, шаҳрвандони тоҷик набуда, шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.

Ёдрас мекунем, ки 

се нафар муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ

, ки барои будубоши ғайриқонунӣ дар қабулгоҳи махсуси вилояти Нижний Новгород нигаҳдорӣ мешуданд, бо истифода аз як қисм (асбоб)-и кат ҷойи девори аз хишт холии ҳуҷраашонро сӯрох намуда, аз ин муассиса гурехтаанд.

Самариддин Рустамов, ки ташаббускори эҳтимолии ин фирор дониста мешавад,

якумра аз қаламрави Русия хориҷ карда мешавад.

Ин қарор дар сатҳи Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия қабул шудааст.

Айни замон фирориён мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, тамоми ҳолатҳои ин ҳодиса муайян карда мешаванд ва дар Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар вилояти Нижний Новгород санҷиши дохилӣ ҷараён дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.