Парлумон қонуни маҳдудияти дастрасӣ ба интернетро баррасӣ мекунад

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» баррасӣ мешавад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба алоқаи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мувофиқи ин тағйироту иловаҳо, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба алоқаи электронӣ дар минтақаҳои баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар тағйироту иловаҳо пешбинӣ шудааст, ки дар вақти зарурӣ (соати икс) маҳдудияти дастрасӣ ба алоқаи электронӣ – интернет, алоқаи мобилӣ ва ғайра метавонад натанҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, балки дар сурати зарурат дар саросари кишвар ҷорӣ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки қаблан зимни баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар водии Рашт (август-сентябри соли 2010) ва ВМКБ (июл-августи соли 2012) ҳукумати Тоҷикистон бидуни шарҳи сабаб алоқаи электронии ин минтақаҳо бо саросари ҷаҳонро маҳдуд намуда буд.

Ба гуфтаи Султонов, имрӯз дар ҷаласаи парлумон ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ» ва «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» низ баррасӣ мешавад.

Мавриди зикр аст, ки қаблан дар Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» дар Душанбе муовини сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон

Ҷонибек Додоматов изҳор дошт

, ки «агар дар сомонаҳои иттилоотӣ маълумоти мамнӯъ ба нашр расад, мо албатта дастрасӣ ба онҳоро қатъ мекунем».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.