Ҳамдардӣ дар робита ба даргузашти собиқ президенти Ҷумҳурии Корея



Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Душанбе боздид намуда, дар китоби тасаллият ҳамдардии худро ба Ҳукумат ва мардуми Корея дар робита ба даргузашти Ким Ён Сам, собиқ Президенти ин кишвар сабт намуд.

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Н.Зоҳидӣ зимни суҳбат бо Кордори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йом Ки Ёнг ба ҳамаи кормандони Сафорат ва мардуми дӯсти Корея ҳамдилӣ ва ҳамдардии самимиро изҳор кард.

spot_imgspot_img

Популярное