Қотили зани 32-солаи пойтахт базудӣ дастгир шуд

Ба гумони даст доштан дар куштори сокини 32-солаи пойтахт Савринисо Иззатуллоева сокини қаблан маҳкумшудаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз Русия баргаштааст, боздошт шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 24 ноябр шахси номаълум ба хонаи истиқоматии ин зан дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе ворид шуда, бо олоти халандаю буранда ба шикам, гулӯ ва тарафи […]

ASIA-Plus



Ба гумони даст доштан дар куштори сокини 32-солаи пойтахт Савринисо Иззатуллоева сокини қаблан маҳкумшудаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз Русия баргаштааст, боздошт шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 24 ноябр шахси номаълум ба хонаи истиқоматии ин зан дар кӯчаи А.Ғуломови шаҳри Душанбе ворид шуда, бо олоти халандаю буранда ба шикам, гулӯ ва тарафи чапи дили зан зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Иззатуллоева С., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Мирзоев Баҳрулло Самандарович соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, пеш мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Федератсияи Россия барои таҷовуз ба номус ва роҳзанӣ суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштори шаҳрванд Изатуллоева С. дастгир карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.