Пояи сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравиро ба Фонди адабӣ медиҳанд

Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, пояи сутун шабона кӯчонида мешавад, то ки ба ҳаракати нақлиёт дар маркази […]

ASIA-Plus



Ояндаи наздик пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Состиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ), ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон қомат афрохта буд, кӯчонида мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, пояи сутун шабона кӯчонида мешавад, то ки ба ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр халал эҷод нагардад.

Ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани пояи сутуни мазкур дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар ҷойи он майдончаи гулзор бунёд мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки пояи сутун ҳамчунин мероси замони шӯравӣ ба ихтмиёри Фонди адабии Тоҷикистон супорида мешавад.

Қаблан як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид ва аз нигоҳи меъморӣ, дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад.

Ёдрас мекунем, ки баландии пояи сутуни нав бо нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.