Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюб

Нашри дуввуми Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюб, ки рӯзҳои 5-ум ва 6-уми декабри соли 2015 дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор мегардад, қайд карда мешавад. Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ мекунад ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маъюб сафарбар мекунад. Чорабинии якҷоя маълумотнокиро оид ба манфиатҳое, ки аз […]

Иттилоияи расмӣ



Нашри дуввуми Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ва Рӯзи байналхалқии шахсони маъюб, ки рӯзҳои 5-ум ва 6-уми декабри соли 2015 дар Маркази Исмоилияи Душанбе баргузор мегардад, қайд карда мешавад.

Рӯзи мазкур фаҳмиши масъалаҳои маъюбиро пешбарӣ мекунад ва дастгириро барои таъмини шаъну шараф, ҳуқуқ ва некӯаҳволии шахсони маъюб сафарбар мекунад. Чорабинии якҷоя маълумотнокиро оид ба манфиатҳое, ки аз ҳамгирои шахсони маъюб дар ҳар як ҷанбаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда мешавад, баланд мебардорад ва идеали ҷамъияти фарогирро чун роҳи ноил шудан ба рушди устувори воқеӣ пешбарӣ мекунад.

Ташаббуси мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ ва эътилофи ҳамфикр дастгирӣ карда мешавад, ки он аз 20 ташкилотҳои миллӣ ва байналхалқӣ иборат аст, ки зери шиори “Фарогирӣ муҳим аст: дастгирӣ ва шуғли одамони дорои ҳамаи қобилиятҳо” муттаҳид шуданд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки ду самти муҳими сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар Осиёси Миёна алоқаманд карда шавад: аз як тараф рушди иқтисодӣ тавассути дастгирии корхонаҳои хурд, мушаххасан дар соҳаи ҳунармандӣ; аз тарафи дигар таҳкими субъектони ғайридавлатӣ барои ноилшавӣ ба ҷомеаи шаҳрвандии бештар фарогир ва мустаҳкам.

Намоиши дурӯзаи ҳунармандӣ, ки аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар шарикӣ бо ташкилоти Чезвӣ  ташкил карда шудааст, зиёда аз 70 ҳунармандонро ҷамъ оварда комёбиҳои охирини ҳунармандии минтақивро пешкаш менамояд. Барномаи намоишгоҳ мастер классҳои ройгон оид ба гулдӯзӣ, нассоҷӣ, расмкашӣ ва ороишдиҳӣ ва семинарҳои гуногунро дар бар мегирад, ки махсусан барои кӯдакон пешбинӣ шудаанд.

Дар баробари чорабиниҳои ҳунармандон чорабиниҳои фарогир барои ҳам одамони маъюбиятдошта ва бемаъюбият, ба монанди роҳгардӣ дар подиум, сурудхонӣ, намоиши хӯрока, намоиши филмҳо, намоиши иттилоотӣ ва бисёр дигар чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбиву техникӣ созишнома ба имзо расониданд

Санад метавонад барои табодули силоҳ, технологияҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам оварад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.