Дар хуни модари Умаралӣ ситомегаловирус пайдо нашуд

Дар хуни Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назарови 5-моҳаи фавтида ситомегаловирус, ки гӯё ба марги кӯдаки ӯ боис гардида бошад, пайдо нашуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Муқаддас Абдураҳмонова, адвокати Заррина Юнусова хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаҳо баъди ташхиси хуни Заррина, ки аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ дар Душанбе гузаронида шуд, ошкор шуданд. Қобили зикр […]

ASIA-Plus



Дар хуни Заррина Юнусова, модари Умаралӣ Назарови 5-моҳаи фавтида ситомегаловирус, ки гӯё ба марги кӯдаки ӯ боис гардида бошад, пайдо нашуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Муқаддас Абдураҳмонова, адвокати Заррина Юнусова хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаҳо баъди ташхиси хуни Заррина, ки аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ дар Душанбе гузаронида шуд, ошкор шуданд.

Қобили зикр аст, ки 10 рӯз пеш Заррина Юнусова ба ВКД Тоҷикистон даъват шуда, дар он ҷо баёнот навишт ва барои ташхис аз ӯ хун гирифта шуд.

Абдураҳмонова мегӯяд, дар ВКД ваъда додаанд, ки аризаи Юнусоваро ба ҳамтоҳои русиягии худ ҷиҳати баррасии минбаъда мефиристанд. Дар Душанбе оид ба ин ҳодиса парванда боз намешавад, зеро чунин парванда дар Русия аллакай мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Рустам Назаров , падари Умаралӣ Назаров, дар парвандаи марги писараш расман

ба ҳайси ҷабрдида эътироф шудааст

. Дар ин бора мақомоти Кумитаи тафтишотии Санкт-Петербург 3 декабр ба расонаҳо хабар додаанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, қаблан ҷараёни тафтиши марги Умаралии панҷмоҳа аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия

таҳти назорати Шӯрои Федератсияи ин кишвар

қарор гирифт.

Суди шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр

 аризаи шикоятии модари Умаралӣ Назарови панҷмоҳа

 аз болои қарори хориҷ кардани ӯ аз қаламрави Русияро рад карда, Заррина охири моҳи ноябр бо ҷасади писараш аз Русия ба Тоҷикистон омад.

Тибқи 

хулосаи коршиносони судиву тиббӣ

, ки рӯйи ҷасади кӯдаки 5-моҳа қариб се ҳафта таҳқиқ гузарониданд, Умаралӣ Назаров аз бемории инфексияи ситомегаловирусӣ фавтидааст.

Федератсияи муҳоҷирони Русия низ пештар изҳор дошта буд, ки барои дастгирии оилаи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ, ки тифлашон дар бемористони шаҳри Санкт-Петербург фавтид, 

таъсиси як фондро дар нақша дорад.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.