Кумаки олмониён ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ВМКБ

Ташкилотҳои ғайриҳукуматиии олмонии Tajik Aid ва Pamir-Half ба дастгирии аҳолии осебдида аз заминларза дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома медиҳанд. Дар иттилоияи интишоршудаи сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки бо пешниҳоди ташкилои шарики худ дар Помир ва намояндагии дипломатии Олмон дар Душанбе, ташкилотҳои Tajik Aid ва Pamir-Half тасмим гирифтаанд, […]

ASIA-Plus



Ташкилотҳои ғайриҳукуматиии олмонии Tajik Aid ва Pamir-Half ба дастгирии аҳолии осебдида аз заминларза дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон идома медиҳанд.

Дар иттилоияи интишоршудаи сафорати Олмон дар Тоҷикистон дар ин робита қайд мешавад, ки бо пешниҳоди ташкилои шарики худ дар Помир ва намояндагии дипломатии Олмон дар Душанбе, ташкилотҳои Tajik Aid ва Pamir-Half тасмим гирифтаанд, ки ба сокинони аз офати табиӣ осебдидаи водии Бартанг кумак кунанд.

Гуфта мешавад, кумаки башардӯстонаи иборат аз сарулибоси зимистона, маводи ғизойӣ барои кӯдакон ва воситаҳои шустушӯву гигиена, ки ба шаҳри Душанбе расидаанд, аллакай ба водии Бартанг фиристода шуда, аз ҷониби ташкилоти шарики Tajik Aid миёни зарардидагон ва ниёзмандон тақсим карда мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.