Манъи адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони синни то 40-солаи Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 40-солаи ҷумҳурӣ ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд. Роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров ин маълумотро ба «Азия-Плюс» тасдиқ кард. Ӯ изҳор намуд, ки ҳамин тариқ дар […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 40-солаи ҷумҳурӣ ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.

Роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров ин маълумотро ба «Азия-Плюс» тасдиқ кард.

Ӯ изҳор намуд, ки ҳамин тариқ дар навбати аввал ба насли нисбатан калонсоли тоҷикистониён имкон дода мешавад, ки маросими ҳаҷро адо намоянд.

Муддати чандин сол аст, ки Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро кам мекунад. Бо ин сабаб аксари афроди калонсол имкон надоранд, ки маросими ҳаҷро адо нмоянд. «Акнун барои адои маросими ҳаҷ ва ҷомаи амал пӯшидани орзуи дерина барои калонсолон имкони бештар пайдо мешавад», – иброз дошт Шокиров.

Соли гузашта шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 6,3 ҳазор нафарро ташкил дода буд. Арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли гузашта ба 3 ҳазору 600 доллари ИМА баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи апрели соли 2015 Кумитаи дин дар бораи манъи сафари ҳаҷ барои

шаҳрвандони то синни 35-солаи Тоҷикистон

қарор қабул карда, тамоми афроде, ки тирамоҳи соли гузашта ба зиёрати Хонаи Худо рафта буданд, синнашон аз 35-сола боло буд. Акнун маҳдудияти синнусолӣ аз ҷониби ҳукумат то 40-солагӣ боло бардошта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.