Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати табибони наваскарро ба хизмат коршоям шумурда

Прокурутураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Онҳо бо моддаи «Хунукназарӣ», барои Эмомиддин Холовро, ки аз бемории вазнини гурдаҳо азият мекашид, ба хизмати ҳарбӣ коршом донистан  айбдор карда мешаванд. Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) […]

ASIA-Plus



Прокурутураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати Абдукарим Толибов, раиси комиссияи тиббии даъвати комисариати ҳарбии ноҳияи Сино ва Матлуба Самадова, табиби ин комиссия парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Онҳо бо моддаи «Хунукназарӣ», барои Эмомиддин Холовро, ки аз бемории вазнини гурдаҳо азият мекашид, ба хизмати ҳарбӣ коршом донистан  айбдор карда мешаванд. Э.Холовро моҳи апрели соли 2015 тариқи маҷбурӣ (облава) дар пойтахт боздошта, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда буданд. Дар ин бора адвкоати ҷабрдида Дилшод Ҷӯраев хабар дод.

Қаблан

«Азия-Плюс» хабар дода буд

, ки Эмомиддин Холови 21-сола моҳи феврали соли 2015 аз водии Рашт ба Душанбе омадаааст. Моҳи декабри соли гузашта ӯ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки худро бад ҳис карда, ба Душанбе барои муоина омадааст. Барои рӯзгузаронӣ ва табобат Холов дар бозор ба равғанфурӯшӣ машғул будааст ва моҳи апрел ба «облав» афтидааст: ӯро аз кӯча боздошта, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурдаанд.

Эмоиддин Холовро бо гурдаҳои бемор ба хизмат коршоям дониста, ба қисми ҳарбӣ дар шаҳри Хоурғ мефиристанд. Баъди ду ҳафта ӯро ӯро дар қисми тиббӣ хобонида, сипас ба госпитали ҳарбии маҳаллаи Калинин ва баъдан ба беморхонаи Қарияи Боло мефиристанд. Ахиран моҳи сентябр ба бемористони шаҳраки тиббии пойтахт бурда, барояш билети ҳарбирро бо муҳри корношоям будан ба хизмат ба дасташ медиҳанд.

Имрӯз Эмомиддинро танҳо ивази гурда наҷот дода метавонад. Ӯ ба хубӣ мефаҳмад, ки ҳар рӯзе барояш охирин буда метавонад. Бародари 17-солаи хурдии Эмомиддин ба донор шудан омода аст ва тибқи нишондодҳои тиббӣ гӯё ҳамааш мувофиқ аст. Аммо ҳамааш ба маблағ вобаста аст, ки 10 ҳазор доллари ИМА буда, барои оилаи оддии деҳот маблағи хеле бузург аст. барои ҷарроҳиро бепул гузаронидан ҳеҷ шароиту имконе мавҷуд нест.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.