Сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон беш аз 2,5 млрд. $ арзёбӣ мешавад

Лоиҳаҳои сармоягузории ҳозираи Тоҷикистон аз 59 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми онҳо беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҳамин давраи соли гузашта 54 лоиҳа бо маблағи умумии 2,3 млрд. доллари ИМА дар ҳоли амалишавӣ қарор доштанд. То 1 январи соли равон дар […]

ASIA-Plus



Лоиҳаҳои сармоягузории ҳозираи Тоҷикистон аз 59 лоиҳа иборат буда, ҳаҷми онҳо беш аз 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҳамин давраи соли гузашта 54 лоиҳа бо маблағи умумии 2,3 млрд. доллари ИМА дар ҳоли амалишавӣ қарор доштанд.

То 1 январи соли равон дар доираи амалисозии лоиҳаҳои амалкунанда 1,3 млрд. доллари ИМА маблағҳо азхуд шуданд, ки ба 53% аз ҳаҷми умумии ин воситаҳо баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, тӯли 9 моҳи соли 2015 ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 720 млн. доллари ИМА сармоягузориҳо ҷалб шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба миқдори 20 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Аз ҷумла, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба миқдори 18 млн. доллари ИМА афзудааст.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки сармоягузориҳои мустақим асосан ба соҳаи иктишофи геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба бахши алоқа, сохтмон, саноат ва кишоварзӣ ҷалб шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.