Қувваҳои Мусаллаҳи Британияи Кабир таҳти унвони Shamal Storm машқи низомӣ гузаронида, дар ҷараёни он 1,6 ҳазор нафар ҳарбиён ва 300 адад техникаи низомӣ ба Урдун интиқол дода мешавад.
Нашрияи
The Daily Telegraph
огаҳӣ пайдо кардааст, ки онҳо метавонанд «ба омӯзишу дар амал истифода кардани малакаҳо оид ба интиқоли шумори назарраси техникаи зиреҳпӯши ин мамлакат ба Аврупои Шарқӣ дар сурати пайдо шудани ихтилоф байни Русия ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) машғул шаванд».
Мусоҳибони нашрия изҳор намудаанд, ки сарфи назар аз дар Урдуни ҳаммарз бо Сурия доир гардидани тамринҳо, баргузории онҳо ба мубориза бо «Давлати исломӣ» бастагие надорад.
«Ин размоишҳо алайҳи Давлати исломӣ нестанд. Мо бештар ба муттаҳид гардидан ба ИМА дар Украина, на Сурия омодагӣ мегирем, – гуфтааст яке аз манбаъҳои нашрия. – Ин он навъи нерӯҳо нест, ки барои мубориза бо як гурӯҳи ҷиҳодиён ба Алеппо фиристоданаш зарур бошад».
Қаблан НАТО Русияро ба машқи
зарбаи ядроӣ
ба Шветсия гунаҳкор карда буд, менависад
«Известия»
. Дар сомонаи Созмон гузориши ҳамасолаи дабири кулли Созмон Йенс Столтенбергер интишор шуда буд, ки тайи се соли ахир зиёд шудани тамринҳои низомӣ дар Русияро тасдиқ кардааст. «Дар ин машқҳо зарбаҳои ядроӣ ба кишварҳои узви НАТО, аз ҷумла дар машқи моҳи марти соли 2013 зарба ба Шветсия тамрин шуданд», – изҳор мешавад дар санад.
Дар ҳамин ҳол, дар хусуси таҳдид нисбати Русия аз ҷониби НАТО дар
стратегияи
навшудаи амнияти миллии Русия низ изҳори назар шуда буд, ки 31 декабри соли 2015 Путин онро тасдиқ карда буд. Дар ин санад зикр гардида буд, ки ба амнияти миллии кишвар «тавсеъаи НАТО ва наздикшавии созмон ба марзҳои Русия» таҳдид мекунад».





