Болоравии арзиши патентҳо барои соҳибкорони инфиродӣ

Мақомоти молияи Тоҷикистон андозаи пардохт барои патентро, ки бар асоси он чанде аз навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ амалӣ мешаванд, боло бурданд. Бино ба маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, дар ин хусус фармоиши муштарак «Оид ба индексатсия (бозҳисобӣ)-и андозаҳои Пардохт барои патент» -и  Кумитаи андоз ва Вазорати молия аз 19 январи соли ҷорӣ содир шудааст. […]

ASIA-Plus



Мақомоти молияи Тоҷикистон андозаи пардохт барои патентро, ки бар асоси он чанде аз навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ амалӣ мешаванд, боло бурданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ, дар ин хусус фармоиши муштарак

«Оид ба индексатсия (бозҳисобӣ)-и андозаҳои Пардохт барои патент»

-и 

Кумитаи андоз ва Вазорати молия аз 19 январи соли ҷорӣ содир шудааст.

«Бо назардошти сатҳи таваррум дар соли 2015, ки тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дарсоли 2015 5,1 фоизро ташкил медиҳад, андозаҳои индексатсияшудаи пардохт барои патент (андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ) мувофиқи

намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки дар асоси патент амалӣ кардамешаванд, барои соли 2016 тасдиқ карда шаванд», – омадааст дар фармоиш.

Андозаи бештар баланди пардохт барои патент ба соҳибкорони инфиродии машғул ба кашонидани борҳо бо автомашинаҳои борбардориашон аз 20 тонна зиёд муқаррар шудааст, ки 703 сомонӣ (ба ивази 699 сомонӣ дар соли гузашта) дар як моҳро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин патент барои сурудхонӣ дар ҷашну маъракаҳо низ нисбатан балндтар шуда, аз 601 сомонии соли гузашта ба 633 сомонӣ дар як моҳ расидааст. Акнун барои барандагӣ дар тӯй ва маъракаҳо ҳар моҳ 139 сомонӣ, барои истифодаи таҷҳизоти радио, телевизион ва таҷҳизоти дигар барои ороишоти макони баргузории ҷашну маъракаҳо – 210 сомонӣ, банаворгирии ҷашну маъракаҳо ва истифодаи нақлиёти махсуси автомобилӣ дар базмҳои арӯсӣ – 105 сомонӣ, фурӯши гулҳои тару тоза – 281 сомонӣ ва чаронидани чорво – 53 сомонӣ, барои ҳоҷатхонаи ҷамъиятии пулакӣ – 211 сомонӣ (қаблан – 201 сомонӣ) мебояд пардохт кард.

Бар асоси санади мазкур дар маҷмӯъ дар ҳамаи навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ андозаи пардохт барои патент беш аз 5% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки Вазорати молия ва Кумитаи андоз аз соли 2014 ваколатдор карда шудаанд, ки бо назардошти сатҳи таваррум, ҳаҷми меъёрҳо барои патентро муайян кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.