Ҳушдори Вазорати тандурустӣ ба афроди ба хориҷа сафардошта

Табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ Минҳоҷиддин Одинаев имрӯз дар робита ба бемории вируси «Зика» изҳор доштааст, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон барои инкишофи навъҳои гуногуни хомӯшакҳои интиқолдиҳандаи вируси Зика шароити мусоид мавҷуд набошад ҳам, аммо Вазорати тандурустӣ бо шаҳрвандони тоҷик ё хориҷӣ ба кишвар ворид шудани ин вирусро аз эҳтимол дур намедонад. […]

Меҳрангез Турсунзода



Табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ Минҳоҷиддин Одинаев имрӯз дар робита ба бемории вируси «Зика» изҳор доштааст, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон барои инкишофи навъҳои гуногуни хомӯшакҳои интиқолдиҳандаи вируси Зика шароити мусоид мавҷуд набошад ҳам, аммо Вазорати тандурустӣ бо шаҳрвандони тоҷик ё хориҷӣ ба кишвар ворид шудани ин вирусро аз эҳтимол дур намедонад.

Ба гуфтаи табиб, барои чунин хомӯшакҳо маҳз намии тропикӣ зарур аст, ки дар мамлакати мо мавҷуд нест.

Ӯ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба хориҷи кишвар азми сафар доранду дар он хавфи сироят ёфтан аз ин вурус мавҷуд аст (сайёҳон, муҳоҷирон корӣ, кормандони дипломатӣ ва дигар афрод) тавсия дод, ки ҳанӯз то сафар барои шиносоӣ ва гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи пешгирии сироят ёфтан аз ин бемории хатарнок ба муассисаҳои дармонгоҳӣ ва пешгирӣ муроҷиат намоянд.

«Агар ҳамаи тадбирҳои эҳтиётӣ риоя шаванд, вирус барои одамон хатарнок нахоҳад буд, ҳатто барои афроди иқоматдошта дар минтақаҳои паҳншудаи вирус», – мегӯяд Одинаев.

Ба гуфтаи ӯ, барои пешгириву эҳтиёт аз сироятёбӣ репеллентҳо ва тӯрҳои зидди хомӯшакҳоро мебояд истифода кард ва ҳамчунин сарулибосе ба бар доштан лозим аст, ки қисмати зиёди баданро пӯшонад ва ғайр аз ин, пеш аз хоб дару тирезаҳоро пӯшонидан зарур аст.

Ӯ қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва кишварҳои аз ин вирус сироятёфта хатсайри ҳавоии мустақим вуҷуд надорад, вале ба ҳар ҳол, дар фурудгоҳҳои байнулмилалии кишвар таҷҳизоте мавҷуд аст, ки зимни вуруд ба қаламрави фурудгоҳ дарҳол инсонро муоина мекунад, аз ҷумла ҳарорати бадани ӯро муайян мекунад.

«Дар сурати бо ҳавопаймоҳо ворид шудани хомӯшакҳо, баъди ба фурудгоҳ нишастани онҳо, бо мақсади нобуд сохтани хомӯшакҳо тадбирҳои поку тамизсозӣ (дезинфесия)-и дохили ҳавопайморо анҷом додан зарур аст», – афзуд табиб.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, як ҳафта қабл Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон кардааст, ки бемории сироятии “Зика” дар ҳоли паҳншавист. Маргарит Чан, раиси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 28 январ дар нишасти намояндагони кишварҳои узви ин созмон хостори баргузории нишасти изтирории ин созмон барои мубориза бо вируси “Зика” дар оғози моҳи феврал шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.