Навбати дуюми МБГ Душанбе-2 то охири сол ба кор медарояд

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 ахири соли равон дар назар аст. Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот босуръат ҷараён доранд. Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 алҳол 100 мегаваттро ташкил медиҳад. «Иқтидори истеҳсолии […]

Пайрав Чоршанбиев



Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 ахири соли равон дар назар аст.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои сохтмон ва насби таҷҳизот босуръат ҷараён доранд.

Ба иттилои манбаъ, иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 алҳол 100 мегаваттро ташкил медиҳад.

«Иқтидори истеҳсолии марҳилаи навбатии лоиҳа 300 мегаваттро ташкил дода, иқтидори умумии МБГ то 400 мегаватт мерасад», – таъкид доштанд дар ширкат.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 192 иншооти пойтахт пайваст шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2014 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи қарзи ҳукуматии имтиёзнок миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии Чин аз рӯи лоиҳаи «Сохтмони навбати дуюми МБГ Душанбе-2»-ро тасдиқ намуд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур «Эксимбонк»-и Чин дар ҳаҷми 331,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.