Гумонбарии бародари роҳбари Хадамоти гумрук ба қаллобӣ

Зимни вохӯрии имрӯза бо рӯзноманигорон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор шуд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ ба гумони қаллобӣ нисбати Наҷмиддин Саидов, бародари роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Абдуфаттоҳ Ғоиб идома дорад. Моҳи октябри соли гузашта ВАО-и Тоҷикистон иттилоъ доданд , ки Н.Саидов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд аз ҷониби кормандони КДАМ […]

ASIA-Plus



Зимни вохӯрии имрӯза бо рӯзноманигорон дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон изҳор шуд, ки тафтиши парвандаи ҷиноӣ ба гумони қаллобӣ нисбати Наҷмиддин Саидов, бародари роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Абдуфаттоҳ Ғоиб идома дорад.

Моҳи октябри соли гузашта ВАО-и Тоҷикистон

иттилоъ доданд

, ки Н.Саидов ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд аз ҷониби кормандони КДАМ боздошт шудааст. Он замон сари маблағи аз 400 то 600 ҳазор доллари ИМА сухан мерафт.

Бино ба маълумоти он замон интишоршуда, Н.Саидов ин пораро аз як шаҳрванд ба ивази ваъдаи вазифаи сардори Раёсати Хадамоти гумрук гирифтааст.

Баъдтар бо қарори суд Н.Саидов, ки ба ҳайси роҳбари филиали «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Данғара кор мекунад, ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, ба озодӣ баромад.

(Дар акс: роҳбари Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳ Ғоиб).

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.