Ҷустуҷӯи «маблағгузорон»-и хориҷии исёни Ҳоҷӣ Ҳалим

Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода изҳор дошт, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст. Ба гуфтаи ӯ, […]

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзозода изҳор дошт, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз 199 нафар, ки нисбаташон айбнома эълон шудааст, 179 нафарашон узви Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъшудаи наҳзати исломӣ нестанд. «40 нафар иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шуда, 36 тан аз иштирокчиёни он зимни амалиёти махсус кушта шуданд», – гуфт ӯ.

Сарпрокурори ҳарбӣ қайд кард, ки айни замон ба маблағи умумии 151 млн. сомонӣ иншооти мутааллиқ ба иштирокчиён ва созмондиҳандагони исён таҳти ҳабс қарор доранд. «Тафтиши маблағгузории исён аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони он идома дорад», – афзуд Мирзозода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.