Дар Маскав зани тоҷик тифлашро ба қуттии ахлот партофт

Як зани 38-солаи тоҷикистонӣ тифли навзоди худро ба қуттии ахлот партофтааст. Ин тифлро дар дохили халтаи селофанӣ ҳавлирӯб пайдо кардааст. Бино ба маълумоти «Московский комсомолец» дар ин робита, ин зан ҳамроҳ бо шавҳар ва писари баркамолаш зиндагӣ дошта, маротибаи дуюм аз шавҳараш ҳомила мешавад. Шаби 7 феврал ӯ дар хона мустақилона бидуни кумаки табибон тифлро […]

ASIA-Plus



Як зани 38-солаи тоҷикистонӣ тифли навзоди худро ба қуттии ахлот партофтааст. Ин тифлро дар дохили халтаи селофанӣ ҳавлирӯб пайдо кардааст.

Бино ба маълумоти

«Московский комсомолец»

дар ин робита, ин зан ҳамроҳ бо шавҳар ва писари баркамолаш зиндагӣ дошта, маротибаи дуюм аз шавҳараш ҳомила мешавад. Шаби 7 феврал ӯ дар хона мустақилона бидуни кумаки табибон тифлро ба дунё оварда, онро ба халтаи селофанӣ мепечонад ва ба қуттии ахлот мепартояд. Сипас оромона ба хона бармегардад.

Ҳаёти ин тифлро ҳавлирӯб наҷот додааст, ки соати 6-и субҳ ба навбатдорӣ баромадааст. Вақте ба назди қуттии ахлот меояд, садои кӯдакро фаҳмида, дарҳол тифлро дарёфт ва мошини «ёрии таъҷилӣ»-ро даъват мекунад. Тифлро ба яке аз бемористонҳо бурдаанд. Айни замон ба ҳаёти тифл чизе таҳдид намекунад. Ин занро боздошт ва шуъбаи пулиси ноҳия бурдаанд.

Намояндаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишот дар шаҳри Маскав Юлия Иванова ба нашрия даар ин робита изҳор намудааст, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаҳои 30, қ. 3 ва 106-и Кодекси ҷиноии Русия – суиқасд ба куштори тифли навзод аз ҷониби модар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол,

Радиои Озодӣ

менависад, тифли партофтаи занро фарроше бо номи Ҳамид Хайруллоев, ки гуфта мешавад муҳоҷири корӣ аз яке аз кишварҳои Осиёи Марказист, пайдо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.