Таъини санаи раъйпурсӣ оид ба тағйирот ба Конститутсия



Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститусияи Тоҷикистон санаи 22 май доир мегардад.

Тибқи иттилои расида ба «Азия-Плюс» аз парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қарори палатаи поёнии парлумони кишвар дар бораи санаи 22 май баргузор кардани раъйпурсӣ аллакай омода шудааст. «Санаи раъйпурсӣ рӯзи 10 феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон эълон мешавад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумон санаи 22 январ лоиҳаи тағйирот ба Конститусияи ҷумҳуриро баррасӣ намуда, қарор кард, ки мафҳуми «Сарқонун» аз матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешавад.

Дар иҷлосия қайд шуда буд, ки президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ба мансаби сарвари давлат ба шумори номаҳдуд интихоб шуда метавонад.

Ғайр аз ин, ворид намудани тағйироту илова ба моддаи 28-и Конститутсия низ дар назар аст, ки ба таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ дахл дорад. Аз ин модда бекор шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ ва миллатгароӣ  пешбинӣ мешавад.

Мутобиқи тағйироту иловаи пешбинишуда, синнусоли ягона ҳам барои вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, ҳамчунин барои судяҳои Суди олӣ, Суди конститутсионӣ ва Суди олии иқтисодии Тоҷикистон – 30 сол муқаррар карда мешавад.

Дар тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда барҳам додани Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар назар аст. Ғайр аз ин, дар тағйироту иловаҳо масъулияти падару модарон назди фарзандон ва ҳамчунин фарзандон назди волидон пешбинӣ шудааст.

Суди конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 4 феврал тағйироти аз ҷониби парлумон пешниҳодшуда ба Конститусияи ҷумҳуриро, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шуданаш дар назар аст,

маъқул шуморид.

«Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда дар маҷмўъ, арзишҳои волои Конститутсияро таҳким бахшида, инъикоси минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон, тақвияти ҳифзи ҳуқуқии шахс, фарогири идомаи ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқию судӣ дар мамлакат мебошанд. Онҳо ба мукаммал намудани меъёрҳои Конститутсия равона гардида, ба амалия ва таҷрибаи ҷаҳонии ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ба арзишҳо ва принсипҳои асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошанд», – омадааст дар маълумоти суд.

Қайд гардида буд, ки бинобар ин, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба ном ва матн, моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51, 56, 61, 64, 65, 69, 71, 73, 74, номи боби шашум, моддаҳои 76, 78, 79, 84, 85, 86, 89, 91, 93 ва муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавандаро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ донист.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное