Мусодираи беш аз 31 кило маводи мухаддир аз сокини Фархор

Кормандони милитсия рӯзи 8 феврал ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадормарди 39-солаи сокини ноҳияи Фархорро дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсии гумонбаршуда тамғаи “Опел-Астра”, дар дохили борхалтаи селофание 12 килою 970 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 14 килою 200 грамм “афюн” дарёфт ва мусодира карда […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия рӯзи 8 феврал ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадормарди 39-солаи сокини ноҳияи Фархорро дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шахсии гумонбаршуда тамғаи “Опел-Астра”, дар дохили борхалтаи селофание 12 килою 970 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 14 килою 200 грамм “афюн” дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронии оғилхонаи сохтмонаш нотамоми дастгиршуда, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин 4 килою 460 грамм маводи сахттаъсири “героин” дарёфт ва мусодира гардида, ҷамъи маводи нашъадори дарёфтшуда 31 килою 630 граммро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.