Марзбонони қирғиз хабарнигори Радиои Озодиро раҳо карданд

Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб (Маъсум Имомов), ки рӯзи 8 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуд, шоми душанбе хабар додааст, ки ӯро тақрибан соати ҳашти шом, баъди 8 соати боздошт озод кардаанд. Маъсуми Муҳаммадраҷаб изҳор доштааст, ки ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати […]

Радиои Озодӣ



Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб (Маъсум Имомов), ки рӯзи 8 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуд, шоми душанбе хабар додааст, ки ӯро тақрибан соати ҳашти шом, баъди 8 соати боздошт озод кардаанд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб изҳор доштааст, ки ӯро ба убури ғайриқонунии марз айбдор кардаанд, дар ҳоле ки дар он минтақа ягон аломати рӯшани ба Қирғизистон тааллуқ доштанаш дида намешуд.

Дар посух ба эътирози хабарнигори Озодӣ, марзбонҳои қирғиз як аломатеро нишон додаанд, ки дар канори ҷӯ дар як ҷои нонамоён гузошта шуда, дар он “Рустои Мақсат” навишта шуда буд. Ин русто ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тааллуқ дорад.

Қаблан раҳбарони Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтанд, хабарнигори боздоштшудаи Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба маркази ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд интиқол дода шудааст. Ба гуфтаи мақомоти марзбонии қирғиз, таҳқиқи қазияи ин хабарнигори Озодӣ ба бахши ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вогузор шудааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб рӯзи 8 феврал, дар ҳоле ки бо супориши Радио мавзӯи насби парчами Қирғизистон дар болои хонаи ду сокини Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро таҳқиқ мекард, аз сӯи нерӯҳои марзбонии Қирғизистон боздошт шуд. Тафсилоти бештари ин ҳодиса дар хабари бахши тоҷикии

сомонаи Радиои Озодӣ

қобили дарёфт аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.