ИМА ба низомиёни тоҷик бинои беҳдоштию санитарӣ тақдим кард

Дар шаҳри Душанбе маросими тақдими бинои навбунёдшудаи беҳдоштию санитарӣ аз ҷониби Сафорати ИМА ба баталйони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, иншооти мазкур иборат аз ҳоҷатхона, ҳаммом, утоқи дастурӯшӯӣ бо мақсади тамрин ва омодагии аскарони баталйон барои хизмати минбаъдаашон дар вазифаи дастгирии амалиётҳои сулҳовари Созмони […]

Иттилоияи расмӣ



Дар шаҳри Душанбе маросими тақдими бинои навбунёдшудаи беҳдоштию санитарӣ аз ҷониби Сафорати ИМА ба баталйони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, иншооти мазкур иборат аз ҳоҷатхона, ҳаммом, утоқи дастурӯшӯӣ бо мақсади тамрин ва омодагии аскарони баталйон барои хизмати минбаъдаашон дар вазифаи дастгирии амалиётҳои сулҳовари Созмони Миллали Муттаҳид сохта шудааст.

Гуфта мешавад, маблағгузории лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 250 ҳазор доллари ИМА аз кӯмаки бебозгашти барои мусоидат дар таъмини амният дар доираи Ташаббуси умумиҷаҳонии амалиётҳои сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида (GPOI) ҷудо карда шуд.

Аз соли молиявии 2009 дар доираи GPOI ба Тоҷикистон дар маҷмуъ ба ҳаҷми 6,6 миллион доллари ИМА кӯмак расонида шуд ва маблағгузории миёнаи солона тақрибан ба 825 ҳазор доллари ИМА баробар аст.

Дар доираи ин кӯмак давраҳои омӯзишӣ ва машқҳои мухталиф гузаронида шуду таҷҳизот ва кӯмак барои рушди инфрасохтор, кӯмак барои таъсиси синфи омӯхтани забони англисӣ дар баталиони сулҳҷӯёна дастрас шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.