Душанбе бо 1 млн. лолаҳои голландӣ оро дода мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи корӣ баргузор намуд, ки дар он ҷараёни иҷрои нақша ва барномаҳои қабулшудаи мақомоти шаҳрдорӣ дар робита ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, зимни машварат М.Убайдуллоев дастур додааст, ки […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи корӣ баргузор намуд, ки дар он ҷараёни иҷрои нақша ва барномаҳои қабулшудаи мақомоти шаҳрдорӣ дар робита ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, зимни машварат М.Убайдуллоев дастур додааст, ки ҷараёни иҷрои барномаи ҳукумати шаҳр дар бораи шинонидани 1 млн. гулҳои лолаи голландӣ дар боғу хиёбон ва гулгаштҳои Душанбе таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад.

Раиси пойтахт таваҷҷуҳи хадамоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои пойтахтро ба тақвияти тадбирҳои назорати санитарӣ дар шаҳр ва саривақт берун бурдани партовҳои маишӣ аз шаҳр ҷалб намудааст.

Ҳамчунин М.Убайдуллоев дастур додааст, ки ҷиҳати ҷалби кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти пойтахт тадбирҳои муассиср андешида, дар ҳамин ҳол ба раҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳр дастур дода шудааст, ки то 15 феврал сардухтурони бемористон ва дармонгоҳҳоеро, ки ба синнусоли нафақа расидаанд, ботантана ба истироҳати шоиста гусел намоянд.

Раиси пойтахт дар масъалаи таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия ва пешгирии болоравии нарх ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст. Директори КВД «Бозори Саховат» Давлат Саидов аз мансабаш барканор шудааст.

Ҳамчунин раиси пойтахт аз ҳамаи ҳозирин риояи қатъии ҷараёни амалисозии Нақшаи генералии шаҳрро тақозо намуда, дар ин робита зикр кардааст, ки дар ҷойи бозори фурӯши автомашинаҳо дар маҳаллаи Гипрозем варзишгоҳи муосири футбол бо 25 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад.

Ғайр аз ин, қайд шудааст, ки боғи фарҳангу истироҳати «Дӯстии халқҳо» навсозӣ шуда, дар ҷои бозорҳои амалкунандаи «Ганҷина» ва «Панҷшер» маҷмааи меъмории «Истиқлолият» қомат меафрозад ва боғи ҳайвонот ба қаламрави беруни шаҳр бароварда шуда, дар маҳаллаи Зарафшон дар қаламрави 2,5 гектар маркази «Меҳри модар» бо кӯдакистони муосир бунёд мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.