ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе намоиши асарҳои бозсозишуда ҷараён дорад. Ин намоиш, ки рӯзи 14-уми апрел таҳти унвони “Дидор” оғоз шуд, то 20-уми май идома мекунад. Дар намоиш 73 мусаввараи нодир, ки офаридаи рассомони маъруф мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ин 73 осор аз соли 1960 инҷониб ба далели ба тармим ниёз доштан ба намоиш гузошта нашудаанд ва инак баъди таъмир бори аввал манзури боздидкунандагон мешаванд.

Дар канори мусаввараҳо, инчунин намунаҳои гуногуни ҳайкалтарошӣ (пайкара ва нимпайкараҳо), осори санъати ороишӣ, аз қабили кулолгарӣ, кандакории бадеӣ низ пешниҳоди бинандагон гардидааст. Ҳаводорони санъати мусаввирӣ имкон доранд, то 20-уми май аз намоиши мазкур боздид кунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти адлия таҷлил мешавад. Ин сана тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” муайян шудааст. Пештар ин рӯз якшанбеи дуюми моҳи октябр ҷашн гирифта мешуд, аммо бо қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи мақомоти адлияи Тоҷикистон” дар рӯзи 20-уми апрели соли 2021 таҷлили расмии он ба ҳамин рӯз интиқол ёфт.

Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Балхӣ конфронс баргузор шуд.
Соли 2010 – Сокинони Варзоб бо ирсоли як номаи кушод ба президент, дархост карданд, ки нархи роҳкиро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ паст карда шавад ва равандҳои ҷамъоварии маблағи истифодаи роҳ ба сохторҳои давлатӣ супорида шавад.
Соли 2019 – Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Марказӣ интихоб шуд.
Соли 2020 – Дар шаҳри Душанбе бахши махсуси карантинии милитсия ба фаъолият оғоз кард. Ҳамзамон, ҷомеаи шаҳрвандӣ Вазорати тандурустиро барои посух додан ба саволҳо дар бораи коронавирус даъват намуд.
Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қонунҳо “Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба қонунҳо “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи ниҳолпарварӣ”, Rодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт.
Соли 2022 – Тоҷикистон ва Туркия созишномаи қолабии ҳамкориҳои ҳарбиро ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1931 – Мавлуди Ҳақназар Назаров, муаррих, доктори илми таърих, профессор.
Соли 1933 – Соат Чалишев, омӯзгор, адабиётшинос, фолклоршинос.
Соли 1935 – Мавлуди Абдуллоҷон Исҳоқов, бостоншиноси тоҷик, доктори илми таърих, профессор.
Соли 1935 – Зодрӯзи Мастон Шералӣ, шоир, драманавис ва мутарҷими тоҷик.

Мастон Шералӣ хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо корманди адабии рӯзномаи “Маориф ва маданият”, моҳномаи “Садои Шарқ” ва мудири шуъбаи Нашриёти “Ирфон” будааст. Аз ибтидои солҳои 50-и асри пор асарҳояш нашр мешаванд. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Мавҷи Зарафшон”, “Илҳом”, “Реша дар об”, “Ситора”, “Ташнагӣ” мебошад. Ашъори ӯ ба туфайли забони суфтаву пухта, образҳои хотирнишин, банду басти қавӣ ва шеърияти баланд арзишманд аст.
Ӯ дар драматургия низ дасти қавӣ доштааст. Драмаҳои “Золу Рудоба”, “Зебуннисо”, “Тоҳиру Зуҳро” ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки дар чанде аз театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Шеъру достонҳои шоирони бузурги ҷаҳониро низ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Мастон Шералӣ соли 1987 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1937 – Мавлуди Фотеҳ Ҳакимов, физикдон, доктори илмҳои физика ва математика, собиқ раиси Ҷамъияти физикони Тоҷикистон.
Соли 1938 – Зодрӯзи Хушназар Майбалиев, коргардони театр ва ҳунарпешаи синамо.

Хушназар Майбалиев фаъолияти меҳнатиашро соли 1956 дар ҳайати ансамбли тарона ва рақси “Помир”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон шурӯъ намуда, то пошхӯрии ин даста дар он кор кардааст. Аз соли 1969 то поёни умр дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ ба сифати коргардон ва саркоргардон фаъолият доштааст. Муддате ҳамчунин ба сифати сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ кор кардааст.
Хушназар Майбалиев беш аз панҷоҳ намоишнома рӯйи саҳна театр овардааст. Аз ҷумла, “Дасти дӯст”, “Захми забон”, “Фарёди ишқ”, “Беватан”, “Муфаттиш”, “Дод аз дасти ақл”.
Ӯ яке аз ҳунармандони сарсупурдаи театр буда, дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои рушди театр саҳми беназир гуоштааст.
Хушназар Майбалиев 31 декабри соли 2011 бар асари сактаи қалбӣ дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Соли 1951 – Зодрӯзи Умедулло Чориев, риёзидон, номзади илмҳои физика ва математика.
Соли 1960 – Мавлуди Муродалӣ Алимардон, собиқ роҳбари Бонки миллӣ ва муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон.

Муродалӣ Алимардон соли 1983 баъди хатми шуъбаи молиявии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар филиали “Агробонк”-и Чептура фаъолияташро оғоз кардааст.
Муродалӣ Алимардон аз соли 1991 ба ҳайси идоракунандаи шуъбаи “Агробонк”-и ноҳияи Ҳисор фаъолият намудааст. Як муддат президенти Бонки саноати аграрии “Шарқ” адои вазифа кардааст.
Ӯ яке аз шахсиятҳои таъсиргузор дар сиёсат ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки дар вазифаҳои баландтари калидӣ, ба мисли раиси Бонки миллӣ, ду маротиба муовини сарвазири кишвар кор карда, яке аз саҳмдорони асосии бонки муфлисшудаи “Агроинвестбонк” буд.
Вай ҳамчунин, яке аз шахсони бовариноки раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар тасмимгирҳои муҳими сиёсӣ ва иқтисодии кишвар нақш дошт.
Муродалӣ Алимардон аз декабри соли 1996 то соли 2008 (бо таъхир дар солҳои 1999-2000) раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз 26-уми январи соли 2008 ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 2013 дубора ба ин вазифа таъйин шуда, аз 1-уми апрели соли 2015 раиси Раёсати “Агроинвестбонк” таъин шуд, ки баъдан барҳам хӯрд.
Ҳоло бознишаста аст.
Соли 1973 – Зодрӯзи Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, ки ҳоло дар зиндон аст.

Иззат Амон, роҳбари “Маркази тоҷикон” дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми марти соли 2021 дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.
Ба иттилои Додситони кулли кишвар, чанд нафар даъво кардаанд, ки гӯё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб дода, “ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад”.
Рӯзи 9-уми октябри соли 2021 бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе Иззат Амон 9 сол равонаи зиндон гардид.
Дертар бо гумони “қаллобӣ” ба ҳукми ӯ боз 6 соли дигар илова шуд.
Худаш ва наздиконаш иттиҳомро қабул надоранд ва мегӯянд, барои фаъолиятҳои сиёсиаш ва интиқодҳояш боздошту зиндонӣ шуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи забони чинӣ аст, ки ҳамзамон, бо рӯзҳои дигар забонҳои расмии СММ дар соли 2010 таъсис ёфтааст. Ҳадафи Рӯзҳои забони СММ мусоидат ба бисёрзабонӣ ва гуногунии фарҳангӣ мебошад.

Рӯзи забони чинӣ ба ёди Канг Ҷе, асосгузори хатти чинӣ таъсис дода шудааст. Забони хаттии чинӣ яке аз душвортарин забонҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Барои ифодаи тамоми боигарии он қариб 80 хазор иероглиф истифода мешавад. Аммо барои истифодаи ҳамарӯза 3-5 ҳазор аломат кофӣ аст. Гузашта аз ин, он яке аз забонҳои қадимтарин дар сайёра мебошад.
Дар маҷмӯъ, беш аз 1,3 миллиард нафар дар ҷаҳон бо забони чинӣ ҳарф мезананд.
Дар ҳамин рӯз, соли 1841, аввалин қиссаи детективӣ дар таърихи адабиёт – “Қатл дар кӯчаи Морг”аз ҷониби Эдгар По нашр шуд. Он дар маҷаллаи “Graham’s Ladies’ and Gentlemen’s Magazine” дар Филаделфия чоп гардид.
Ҳодисаҳо дар шаҳри Париж рух медиҳанд, ки дар он ҷо ду зан ба таври ваҳшиёна кушта мешаванд. Қаҳрамони асосӣ — детективи хусусии ғайримуқаррарӣ аст, ки таҳқиқотро роҳандозӣ мекунад.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор рух медиҳад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 6+8º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.


