Боздошти сокини Ҳамадонӣ барои дуздии амволи ҳамдиёри худ



Кормандони милитсия рӯзи 10 феврал як сокини марди 26-солаи ноҳияи Ҳамадониро ба гумони даст доштан дар дуздии амволи зани 49-солаи ҳамин ноҳия боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, боздоштшуда рӯзи 4 феврал ба манзили ҳамдиёри худ ворид шуда, аз он ҷо ноутбук, планшет ва маснӯоти тиллоӣ ба маблағи умумии 15 ҳазор сомониро дуздидааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни кофтуков ҳамаи амволи дуздидашуда чун далели шайъӣ дарёфт шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное