Имсол ҳам шумори зойирини тоҷик бетағйир боқӣ мемонад

Имсол ҳам шумори зойирин аз Тоҷикистон, ки нияти зиёрати Хона Худоро доранд, бетағйир боқӣ монда, чун соли гузашта шумори онҳо 6,3 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод. Аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар Арабистони Саудӣ корҳои васеъкунии фурудгоҳҳои шаҳрҳои Ҷидда […]

Меҳрангез Турсунзода



Имсол ҳам шумори зойирин аз Тоҷикистон, ки нияти зиёрати Хона Худоро доранд, бетағйир боқӣ монда, чун соли гузашта шумори онҳо 6,3 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Аз Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар Арабистони Саудӣ корҳои васеъкунии фурудгоҳҳои шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина, таъмиру азнавсозии ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома дошта, бо ин сабаб ҳукуматдорони Шоҳигарӣ шумори квотаҳо барои Тоҷикистонро зиёд карда наметавонанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон

қарор қабул кард

, ки тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни то 40-солаи ҷумҳурӣ ба сафари ҳаҷ рафта наметавонанд.

Роҳбари Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳусейн Шокиров ин маълумотро ба «Азия-Плюс» чунин шарҳ дода буд, ки ҳамин тариқ дар навбати аввал ба насли нисбатан калонсоли тоҷикистониён имкон дода мешавад, ки маросими ҳаҷро адо намоянд.

«Муддати чандин сол аст, ки Арабистони Саудӣ шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро кам мекунад. Бо ин сабаб аксари афроди калонсол имкон надоранд, ки маросими ҳаҷро адо нмоянд. Акнун барои адои маросими ҳаҷ ва ҷомаи амал пӯшидани орзуи дерина барои калонсолон имкони бештар пайдо мешавад», – иброз дошта буд Шокиров.

Соли гузашта шумори квотаҳои адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён 6,3 ҳазор нафарро ташкил дода буд. Арзиши адои маросими ҳаҷ дар соли гузашта ба 3 ҳазору 600 доллари ИМА баробар буд.

Дар ҳамин ҳол, КВД «Тоҷиксуғурта» қайд мекунад, ки соли 2015 дар маросими адои ҳаҷ 12 нафар фавтида, ба аъзои оилаи панҷ нафари онҳо тибқи суғурта ба ҳар кадоме 5 ҳазор сомонӣ маблағ дода шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.