Пешвои салафиҳои Тоҷикистон боздошт шуд



Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ («Шайх Маҳмадӣ»), нафаре, ки дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолиятҳои равияи навбаромади Салафия яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд ва пешвои ҷонибдорони ин равия муаррифӣ мешуд, боздошт гардидааст. Дар ин бора

Радиои Озодӣ

бо истинод ба манбаъҳо дар сохторҳои қудратӣ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти ин хабаргузорӣ, Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои “барангехтани кинаву адовати динӣ”, муттаҳам мешавад.

Аввали моҳи январи соли гузашта мақомоти корҳои дохилӣ 17 нафарро боздошт намуданд, ки баъдан аз онҳо чун роҳбарони «салафиҳо» дар Тоҷикистон ном бурданд. Зикр гардида буд, ки миёни онҳо Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ низ ҳузур дошта, яке аз пешвоёни равияи «Салафия» дар Тоҷикистон аст.

Ин хабарро ба Радиои Озодӣ наздикони Раҳматуллоҳ ҳам тасдиқ карда буданд, вале зимни нишасти хабарии рӯзи 16 январ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ин маълумотро рад карда, иттилоъ дод, ки пас аз ифротгаро эътироф шудани равияи салафия дар ҷумҳурӣ, ҳамагӣ се нафар ба гумони робита доштан бо ин равия боздошт шуда буданд.

Наздикони пешвои ғайрирасмии салафиҳо дар Тоҷикистон гуфтаанд, «ӯ муддати 6-7 рӯз дар бинои назди «танка» (Раёсати корҳои дохилии Душанбе) нигоҳ дошта шуда, баъдан раҳо карда шудааст».

Қобили зикр аст, ки М.Раҳматулло ҳамеша мухолифи мавқеи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон суханронӣ карда, аз пароканда кардани ин ҳизб, ба он эҳтиёҷ надоштани аҳолии Тоҷикистон изҳори назар мекард. Дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2015 ин изҳороти зиддинаҳзатии ӯ дар чанде аз нашрияҳои маҳаллӣ нашр шуда буданд.

Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани «омин» дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.

Моҳи январи соли 2009 бо қарори Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи «Салафия» дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуда, пас аз расидани маълумот дар бораи иштироки онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар сафҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ», салафиҳо ифротгаро низ эътироф гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное