Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар Минск

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Беларус Александр Михневич доир гардид. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсату иқтисод, ҷараёни амалишавии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни сафарҳои расмии сарони ҳарду кишвар, масъалаҳои […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Беларус Александр Михневич доир гардид.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсату иқтисод, ҷараёни амалишавии тавофуқҳои ҳосилшуда зимни сафарҳои расмии сарони ҳарду кишвар, масъалаҳои такмили заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои гуманитарӣ, тиҷоратӣ, баргузории чорабиниҳои анъанавии Рӯзҳои фарҳанги давлатҳо, робитаҳои гуногунсоҳа байни минтақаҳои давлатҳо баррасӣ шуданд.

Дар робита ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф қайд карда шуд, ки агар соли гузашта дар мактабҳои олии Беларус 240 нафар донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, пас имсол шумори онҳо ба 440 нафар расидааст.

Сафири Тоҷикистон қайд кардааст, ки ифтитоҳи нахустин чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Могилёв ахири соли гузашта нишонаи неки ҳамкориҳои муштараки судманд мебошад.

Сафир ҳамчунин ба ҷониби Беларус барои кумаки башардӯстона ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдидаи Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намудааст.

Ҷониби Беларус пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар мавриди 20-солагии роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳоро дастгирӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.