Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии нахусти мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар бозии нахустини гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Таиланд бо ҳисоби 4 бар 5 ба шикаст дучор шуд. Сарфи назар аз ин бохт, футзалистони тоҷик ҳоло ҳам имкон доранд, ки ба даври минбаъдаи мусобиқа роҳ […]

ASIA-Plus



Дар бозии нахустини гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Таиланд бо ҳисоби 4 бар 5 ба шикаст дучор шуд.

Сарфи назар аз ин бохт, футзалистони тоҷик ҳоло ҳам имкон доранд, ки ба даври минбаъдаи мусобиқа роҳ ёбанд. Барои ин онҳоро лозим аст, ки дар вохӯриҳо рӯзи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳӣ рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван натиҷаи мусбат ба даст оранд.

Бозиҳои дигари мусобиқа бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфтанд:


Гурӯҳи «А»

– Лубнон – Қирғизистон – 4:4; Ӯзбекистон – Арабистони Саудӣ – 5:2;  


Гурӯҳи «В»

– Ироқ – Чин – 6:1; Урдун – Эрон – 0:6;


Гурӯҳи «С»

– Таиланд – Тоҷикистон – 5:4; Ветнам – Тайван – 5:4;


Гурӯхи «D»

– Ҷопон – Қатар – 1:0; Австралия – Малайзия – 2:1.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир мегардад.


Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.