Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки 16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел баргузор мегардад, ба Шоҳигарии Белгия сафар намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо суханронии вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо инъикос хоҳад ёфт.
Гуфта мешавад, зимни сафар инчунин як зумра вохӯриҳои дуҷонибаи Сироҷиддин Аслов дар назар гирифта шудааст.



