БМТ маъмурияти муваққатӣ дар «Фононбонк»-ро бекор кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи бекор кардани маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «Фононбонк» маълумот медиҳад. «Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли ҷорӣ фаъолияти Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардида […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи бекор кардани маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «Фононбонк» маълумот медиҳад.

«Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ аз 12 феврали соли ҷорӣ фаъолияти Маъмурияти муваққатии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фононбонк”-ро бинобар бартараф шудани асосҳое, ки боиси таъини он гардида буданд, анҷомёфта ҳисоб намуд.», – омадааст дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ.

Қайд мешавад, ки дар робита ба қарори зикршуда, роҳбарияти ҶСП “Фононбонк” уҳдадор карда шуд, ки дар муҳлати то як моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур нақшаи беҳбудии вазъи молиявии бонкро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябри соли гузашта бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» БМТ дар ин муассисаи тиҷоратӣ

маъмурияти муваққатӣ таъин кард

.

ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.

Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.