Барои коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим БҶ ба Тоҷикистон 9 млн. $ ҷудо мекунад

Вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   Абдусалом  Қурбониён  ва  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон,  Патрисия  Виверс–Картер созишномаро  ҷиҳати  маблағгузории  Барномаи  мутобиқшавӣ  ба  тағйирёбии  иқлим  ва коҳишдиҳии таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал – ро (CAMP4ASB) ба имзо расониданд. Дар доираи барномаи  минтақавӣ  ҳаҷми  маблағгузории  Тоҷикистон  аз  ҳисоби  Ассотсиатсияи  байналмилалии рушд 9 миллион доллари ИМА-ро ташкил […]

ASIA-Plus



Вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  


Абдусалом  Қурбониён  ва  Намояндаи  доимии  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон,  Патрисия  Виверс–Картер созишномаро  ҷиҳати  маблағгузории  Барномаи  мутобиқшавӣ  ба  тағйирёбии  иқлим  ва коҳишдиҳии таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал – ро (CAMP4ASB) ба имзо расониданд. Дар доираи барномаи  минтақавӣ  ҳаҷми  маблағгузории  Тоҷикистон  аз  ҳисоби  Ассотсиатсияи  байналмилалии


рушд 9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи Барнома, маблағгузорӣ  ба аҳолии деҳот барои бартараф намудани таҳдидҳои  ҷорӣ ба истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ  ва  воситаҳои  зиндагӣ  дар  деҳот,  ки  аз  хатароти  иқлимӣ  ба монанди  хушксолӣ  ва  боду  ҳавои  экстремалӣ  бармеоянд,  пешниҳод  мегарданд.  Гуногунсозии кишти  зироат,  идоракунии  дохилихоҷагии  захираҳои  об  ва  баланд  бардоштани  самаранокӣ, барқарорсозии  заминҳои  таназзулёфта,  истеҳсоли  чорво,  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ, вусъатдиҳии  самаранокии  нерӯ  якчанд  мисолест  аз  чорабиниҳое,  ки  дар  доираи  лоиҳаи  мазкур 

маблағгузорӣ  мегарданд. 

Ин  сармоягузориҳои  алоқаманд  ба  тағйирёбии  иқлим  ба  беҳтар намудани  шароити  зиндагӣ  ва  баланд  бардоштани  ҳосилнокӣ  дар  минтақаҳои  деҳот  мусоидат намуда  инчунин  талошҳои  ба  коҳишдиҳии  таъсири  тағйирёбии  иқлим  ва  мутобиқшавӣ  равонашударо, ки метавон дар саросари минтақа вусъат дод, нишон медиҳанд.  Интизор меравад, ки дар натиҷаҳои амалисозии лоиҳаҳои мазкур дар Тоҷикистон 91,000 нафар манфиат мебарад.

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳишдиҳии таъсири он  дар  ҳавзаи баҳри Арал ба манфиатбардорӣ аз ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати  ҳалли мушкилоти афзоишёбандаи тағйирёбиииқлим, ки бештари вақт аз ҳудуди марзҳои  кишварҳои Осиёи Марказӣ берун меоянд, нигаронида шудааст. 

Моҳи  ноябри  соли  2015,  Раёсати  директорони  иҷроияи  Гуруҳи  Бонки  ҷаҳонӣ  ҷудо 

намудани 38 миллион доллари ИМА-ро ҷиҳати маблағгузории марҳилаи аввали Барнома ба тасвиб  расонид.  Дар  марҳилаи  аввали  Барнома,  дастгирии  Тоҷикистон  ва  Узбекистон  аз  он  ҷумла ташкилоти минтақавии  Кумитаи иҷроияи Хазинаи байналмилаллӣ барои наҷоти баҳри  Арал пешбинӣ  шудааст.  Дар  дигар  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  корҳои  омодагӣ  ҷиҳати  иштироки онҳо дар Барнома дар давоми ду соли оянда оғоз ёфтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.