Дастури прокурори генералӣ оид ба шарҳи тағйирот ба Конститутсия

Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки 10 феврали соли равон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ба Райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудааст, […]

ASIA-Plus



Дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки 10 феврали соли равон аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ба Райъпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудааст, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод  доир ба ин масъала ибрози назар намуда, мазмуну моҳияти тағйиротҳои пешниҳодшуда ба Конститутсия ва зарурати қабули онҳоро ба ҳозирин  шарҳ дод.

Ба райъпурсии умумихалқӣ  пешниҳод шудани  тағйир у иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун руйдоди муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар арзёбӣ гардида, аз ҷониби ҳозирин якдилона  тарафдорӣ карда шуд.

Ба прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ба онҳо баробаркардашуда дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар маҳалҳо ба аҳолӣ фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои  тағйиротҳои ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда чорабиниҳои васеи ташвиқотиро  роҳандозӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.