Вакилони парлумон ба интихобкунандагон тағйирот ба Конститутсияро шарҳ медиҳанд



Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 16 то 26 феврал бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов дар ин робита иттилоъ дод, зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар тамоми минтақаҳои кишвар вакилон ба онҳо мазмуну моҳияти тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ва зарурати қабули он дар шароити имрӯзаи рушди кишварро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ вакилони парлумон ҳамчунин бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти мардум аз наздик ошно гардида, ба интихобкунандагон доир ба фаъолияти парлумон ва ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумот хоҳанд дод.

spot_imgspot_img

Популярное