Хуҷанд: Боздошти аудитор ҳангоми порагирӣ

Кормандони милитсия сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд, корманди ҶДММ «Сомон-Аудит»-ро ҳангоми порагирӣ дастгир карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда фаъолияти моливу хоҷагидории корхонаи шабакаҳои барқии ноҳияи Аштро дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2015 мавриди санҷиш қарор додаааст. Гуфта мешавад,  ҳангоми дар корҳо ошкор намудани камбудиҳо, аз корманди шабакаи барқии […]

ASIA-Plus



Кормандони милитсия сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд, корманди ҶДММ «Сомон-Аудит»-ро ҳангоми порагирӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда фаъолияти моливу хоҷагидории корхонаи шабакаҳои барқии ноҳияи Аштро дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2015 мавриди санҷиш қарор додаааст.

Гуфта мешавад,  ҳангоми дар корҳо ошкор намудани камбудиҳо, аз корманди шабакаи барқии ноҳияи Ашт бо роҳи тамаъҷӯӣ 12 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намуда, санаи 6 феврали соли 2016 маблағи 2 ҳазор сомониро мегирад ва санаи 12-уми феврал зимни гирифтани 3 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.