Мақоми 72-юми Тоҷикистон дар феҳристи дастрасии кӯдакон ба адолати судӣ

Мувофиқи таҳқиқоти нави Шабакаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакон (CRIN), дар рейтинги истифодаи пурсамари судҳо аз ҷониби кӯдакон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ, Тоҷикистон миёни 197 кишвари саросари ҷаҳон зинаи 72-юмро касб кардааст. Дар гузориши «Ҳуқуқ, воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва намояндагӣ» дар бораи имкони муроҷиати кӯдакон ба суд ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо, дастрасии онҳо […]

ASIA-Plus



Мувофиқи таҳқиқоти нави Шабакаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакон (CRIN), дар рейтинги истифодаи пурсамари судҳо аз ҷониби кӯдакон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ, Тоҷикистон миёни 197 кишвари саросари ҷаҳон зинаи 72-юмро касб кардааст.

Дар гузориши «Ҳуқуқ, воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва намояндагӣ» дар бораи имкони муроҷиати кӯдакон ба суд ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо, дастрасии онҳо ба захираҳои ҳуқуқӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати қабули тадбирҳои ҳуқуқӣ дар ин самт ва истифода шудани ҳуқуқи байнулмилалии кӯдакон дар судҳои миллӣ маълумот дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакон ба қонунгузории миллӣ дохил буда, метавонад бевосита дар судҳои Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шавад. Дар робита ба риоя нашудани ҳуқуқи кӯдакон дар доираи парвандаҳои шаҳрвандӣ, маъмурӣ, конститутсионӣ ва ҷиноятӣ метавон шикоят бурд.

Дар судҳо маъмулан кӯдаконро яке аз волидон ё сарпарастон намояндагӣ мекунанд, ҳарчанд кӯдакони синни аз 14 то 18-сола баъзе ҳуқуқҳои мустақилона амал карданро низ доранд. Аз номи кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоят бурда метавонад. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ метавонанд ташаббускори расидагӣ ба шикоят бошанд ё дар мурофиаҳои судӣ аз номи кӯдакони ҷабрдида ширкат варзида, аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.