Зимни вохӯрии вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён бо роҳбари намояндагии Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон (JICA) дар ҶТ Иши Киёши масоли муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳод баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти котиботи Вазораи молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳои варзида барои низоми молии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, атрофи ҷараёни амалисозии барномаҳои муштараки минбаъда дар ин самт табодули назар кардаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд шудааст, ки ҳамаи тадбирҳои аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пешгирифта ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидаанд.
Вазири молияи ҷумурӣ самаранокии ҳамкорӣ бо JICA дар самти баргузор намудани ислоҳоти ниҳодӣ дар Тоҷикистонро таъкид дошта, изҳори бовар кардааст, ки ҳамкорӣ бо ин ниҳоди пурнуфуз минбаъд низ пурсамар барои ҷонибҳо густариш хоҳад ёфт.





