Баррасии парвандаҳо нисбати раҳбарияти ҲНИТ мавқуф гузошта шуд



Суди олии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки баррасии парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 13 нафар аъзои Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то санаи 24 феврал мавқуф гузошта шавад. Дар ин бора ба журналистон наздикони айбдоршавандагон хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, рӯзи 15 феврал айбдоршавандагон аз суд дархост намудаанд, ки намояндагони ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқ ба толори мурофиа роҳ дода шаванд. Алҳол ба ин дархост судяҳо ҳеҷ посухе надодаанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9 феврал дар Суди олии Тоҷикистон пушти дарҳои пӯшида мурофиаи додгоҳӣ нисбат 13 аъзои Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз гардид. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шудаанд.

Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд. ҲНИТ ва роҳбари онро ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) санаи 4 сентябр амалӣ карданӣ буд. Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд.

Рӯзе, ки ҳукуматдорон аз анҷоми амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи Назарзода хабар доданд, ҳабси фаъолони ҲНИТ шурӯъ шуд.

Рӯзи 8 феврал зимни нишасти хабарӣ сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон 

Сафаралӣ Мирзозода изҳор дошт

, ки тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 199 афроди гумонбар ба ташкил ва иштирок дар исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли гузашта таҳти раҳбарии собиқи мувини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба итмом расида, ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Бино ба маълумоти 

Радиои Озодӣ

, ин мурофиа дар ҳоле оғоз ёфтааст, ки рӯзи 8 феврал Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи  ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.

spot_imgspot_img

Популярное