Ҳукми 13,5 соли зиндон ба писари охирин адвокати «озод»-и Зайд Саидов

Писари адвокати маъруф Исҳоқ Табаров, ки  ягона аз адвокатҳои Зайд Саидов дар озодӣ боқӣ мондааст, бо ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд. Фирӯз Табаров ба зархаридӣ (моддаи 401) ва даъватҳо барои тағйир додани сохти конститутсионӣ (моддаи 307 КҶ ҶТ) муттаҳам дониста шуд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои […]

ASIA-Plus



Писари адвокати маъруф Исҳоқ Табаров, ки  ягона аз адвокатҳои Зайд Саидов дар озодӣ боқӣ мондааст, бо ҳалномаи суди шаҳри Ваҳдат ба 13,5 соли зиндон маҳкум шуд. Фирӯз Табаров ба зархаридӣ (моддаи 401) ва даъватҳо барои тағйир додани сохти конститутсионӣ (моддаи 307 КҶ ҶТ) муттаҳам дониста шуд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

бо такя ба гуфтаҳои адвокат Исҳоқ Табаров, баъди дарёфти ҳукми додгоҳии писараш Фирӯз Табаров, ӯ ният дорад, ки алайҳи он ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Падари маҳкумшуда гуфтааст, фарзандаш замоне боздошт шудааст, ки гӯё барои як зани тоҷик ҷиҳати сафар ба Сурия назди шавҳараш санадҳои заруриро омода ва кӯмак мекард.

Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки мурофиаи додгоҳӣ нисбати Фирӯз Табаров фишор болои падари ӯст, ки яке аз адвокатҳои маъруфи ҷумҳурӣ шуморида шуда, аз баҳори соли 2013 аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ва наздикони ӯ дар суд ҳимоят мекунад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози мурофиаи додгоҳӣ нисбати Зайд Саидов аз манфиатҳои ӯ се адвокат – Исҳоқ Табаров, Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ҳимоят мекарданд. Баъдан барои кӯшиши порадиҳӣ Шуҳрат Қудратов ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, сипас муҳлати зиндони ӯ то 3 солу 8 моҳ кам карда шуд. Фаррух Зокиров мутобиқи моддаи 250-и КҶ ҶТ ба тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешавад. Исҳоқ Табаров ягона адвокати Зайд Саидов боқӣ монда буд, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 11 августи соли гузашта нисбати Зайд Саидов боз аз рӯи як парвандаи ҷиноии дигар ҳукм содир намуда, ба муҳлати асосии ӯ боз 3 соли дигар илова кард. Акнун Зайд Саидов дар маҷмӯъ 29 солро дар зиндон паси сар мекунад.

Айни замон ҳукуматдорон ба мусодираи амволи хешону наздикони Зайд Саидов, аз ҷумла фарзандони ӯ шурӯъ намуданд. Аввали моҳи феврал Исҳоқ Табаров бо дархости хотима бахшидан ба амалҳои ғайриқонунӣ нисбати наздикони Зайд Саидов ба президент муроҷиат намуд, то ки амволи онҳо мусодира нашавад, зеро беш аз 50 нафар зимистон бесарпаноҳ дар кӯча мемонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.