Дар мувофиқа бо Президенти тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ як қатор тағйирти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Рустамзода Мустафо Кенҷа ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухаддир таъин карда шуд.
Гуфта мешавад, полковники милитсия Мирализода Рустам Азиз, ба вазифаи намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ЦАРИКС) таъин шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки полковники милитсия Ҳукуматулло Зикрулло, ба вазифаи сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.





