Боздиди роҳбари яке аз сохторҳои СҲШ аз ВКХ Тоҷикистон

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод рӯзи 16 феврали соли 2016 бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, ки баъд аз ба вазифа шурӯъ намуданаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ […]

ASIA-Plus



Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод рӯзи 16 феврали соли 2016 бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, ки баъд аз ба вазифа шурӯъ намуданаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар доираи СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақаи Созмон, хусусан муқобилият бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, табодули назар карда шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тасдиқ намуданд, ки ҳамасола заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамкории амалии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бар зидди қувваҳои “се таҳдид” такмил меёбанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар таъмини самаранокии ин раванд нақши муҳимро мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мебозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.