Президент муовини раиси КДАМ-ро таъин кард

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар вазоратҳои мудофиа,  корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Фарҳод Камолович-муовини раиси […]

ASIA-Plus



Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 феврал як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар вазоратҳои мудофиа,  корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Фарҳод Камолович-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич-муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шомуддин Ҳасанович-сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич-сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин намояндаҳои вазорати мудофиа ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиву забондонӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонро дар мадди аввал гузошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.