Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3% ё худ қариб 192,8 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 8 млн. 547 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта афзоиши нисбатан бештари шумори аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 2,6%-ӣ баробар аст. Ба аавали соли шумори аҳолии вилояти Хатлон – 3 млн. 48 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ – 1 млн. 971 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мутаносибан соли гузашта шумори аҳолии вилояти Хатлон – 77,2 ҳазор нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ – 49,9 ҳазор нафар зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори аҳолии вилояти Суғд дар соли гузашта 2,2% (54 ҳазор нафар) афзуда ба аввали соли равон 2 млн. 508 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тайи соли ахир шумори аҳолии пойтахт 13,7 ҳазор нафар (1,7%) афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 1 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе 802 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекардаанд.
Соли гузашта дар Тоҷикистон афзоиши нисбатан камтари шумори аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст, ки ба 1,2% баробар аст. Соли 2015 шумори аҳолии ВМКБ ҳамагӣ 2,6 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 217 ҳазор нафарро ташкил додааст.



