Шумори аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 8,5 млн. нафар расид

Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3% ё худ қариб 192,8 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 8 млн. 547 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта афзоиши нисбатан бештари шумори аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 2,6%-ӣ […]

ASIA-Plus



Тайи соли ахир шумори аҳолии Тоҷикистон 2,3% ё худ қариб 192,8 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 8 млн. 547 ҳазору 400 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта афзоиши нисбатан бештари шумори аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба қайд гирифта шудааст, ки ба 2,6%-ӣ баробар аст. Ба аавали соли шумори аҳолии вилояти Хатлон – 3 млн. 48 ҳазор ва ноҳияҳои тобеи марказ – 1 млн. 971 ҳазор нафарро ташкил додааст. Мутаносибан соли гузашта шумори аҳолии вилояти Хатлон – 77,2 ҳазор нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ – 49,9 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори аҳолии вилояти Суғд дар соли гузашта 2,2% (54 ҳазор нафар) афзуда ба аввали соли равон 2 млн. 508 ҳазор нафарро ташкил додааст. Тайи соли ахир шумори аҳолии пойтахт 13,7 ҳазор нафар (1,7%) афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, ба санаи 1 январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе 802 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекардаанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон афзоиши нисбатан камтари шумори аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст, ки ба 1,2% баробар аст. Соли 2015 шумори аҳолии ВМКБ ҳамагӣ 2,6 ҳазор нафар афзуда, ба аввали соли равон 217 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.