Артиши миллии Камерун дар ҳамсоякишвари худ Нигерия амалиёти доманадори низомиро ба роҳ монда, дар пайи амалиёти мазкур беш аз 160 нафар силоҳбадасти гурӯҳи «Боко Ҳарам» нобуд карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», инчунин чанд махфигоҳи силоҳбадастон ошкор ва аз онҳо ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва маводи таркандаи худсот дарёфт ва мусодира гардидааст.
Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ асосан дар минтақаи аҳолинишини Нгоши штати Борно, ки бо Камерун ҳамсарҳад мебошад, роҳандозӣ шуда, дар ин набардҳо ду сарбози Артиши миллии Камерун низ ҷон бохтанд.
Ба иқрори сарбозони Камерун дар минтақаи аҳолинишини Нгоши штати Борно як гурӯҳи ҷангиёни «Боко Ҳарам» ҳузур дорад. Ғайр аз ин, корхонаи тавлиди маводи таркандаи мансуб ба ҷангиён низ дар ин ҷо мавҷуд аст.



