Афзоиши ҳаҷми кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон

Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии қариб 2,2 ҳазор тонна аз 22 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи […]

ASIA-Plus



Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 5,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии қариб 2,2 ҳазор тонна аз 22 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (49,7%), Русия (24,5%), Озарбойҷон (6,4%), Таиланд (4,4%), Ҳиндустон (4,1%), ИМА (2,6%) ва Нидерланд (2,3%) рост меояд.

Моҳи январи соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 4,8 млн. доллари ИМА кумакп башардӯстона ворид гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.