Шоми рӯзи 17 феврал дар маркази шаҳри Анқара, каме дуртар аз бинои парлумон, Вазорати мудофиа ва қароргоҳи нахуствазири Туркия таркиш ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба иттилои
CNN Turk
, намояндагони мақомоти пулиси ин кишвар дар ин робита изҳор доштаанд, ки автомашинаи минагузоришуда мавриди инфиҷор қарор гирифта, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари ин таркиш дар пойтахти Туркия, зиёда аз 20 нафар ҳалок ва боз беш аз 60 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Тибқи маълумоти ВАО, ҳадафи ин амал тарконидани автобусе будааст, ки дар дохили он низомиёни туркӣ ҳузур доштаанд. Ҳукуматдорони Туркия ин ҳодисаро амали террористӣ хонда, нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу бинобар сабаби ин ҳодиса сафараш ба Брюсселро мавқуф гузоштааст. Рӯзи панҷшанбе Довудоғлу бояд озими Брюссел мешуд, то ки оид ба узвияти Туркия ба Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид анҷом диҳад.
Гуфта мешавад, ҳукуматдорони Туркия паҳн кардани маълумоти ғайрирасмӣ дар бораи таркишро манъ кардаанд. Ба васоити ахбори умум иҷозат дода шудааст, ки танҳо изҳороти шахсони расмиро интишор намоянд.



