Амали террористӣ дар Анқара: 20 нафар куштаву беш аз 60 тан маҷрӯҳ

Шоми рӯзи 17 феврал дар маркази шаҳри Анқара, каме дуртар аз бинои парлумон, Вазорати мудофиа ва қароргоҳи нахуствазири Туркия таркиш ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои CNN Turk , намояндагони мақомоти пулиси ин кишвар дар ин робита изҳор доштаанд, ки автомашинаи минагузоришуда мавриди инфиҷор қарор гирифта, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари ин таркиш дар пойтахти Туркия, […]

ASIA-Plus



Шоми рӯзи 17 феврал дар маркази шаҳри Анқара, каме дуртар аз бинои парлумон, Вазорати мудофиа ва қароргоҳи нахуствазири Туркия таркиш ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои

CNN Turk

, намояндагони мақомоти пулиси ин кишвар дар ин робита изҳор доштаанд, ки автомашинаи минагузоришуда мавриди инфиҷор қарор гирифта, тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари ин таркиш дар пойтахти Туркия, зиёда аз 20 нафар ҳалок ва боз беш аз 60 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Тибқи маълумоти ВАО, ҳадафи ин амал тарконидани автобусе будааст, ки дар дохили он низомиёни туркӣ ҳузур доштаанд. Ҳукуматдорони Туркия ин ҳодисаро амали террористӣ хонда, нахуствазири Туркия Аҳмад Довудоғлу бинобар сабаби ин ҳодиса сафараш ба Брюсселро мавқуф гузоштааст. Рӯзи панҷшанбе Довудоғлу бояд озими Брюссел мешуд, то ки оид ба узвияти Туркия ба Иттиҳоди Аврупо гуфтушунид анҷом диҳад.

Гуфта мешавад, ҳукуматдорони Туркия паҳн кардани маълумоти ғайрирасмӣ дар бораи таркишро манъ кардаанд. Ба васоити ахбори умум иҷозат дода шудааст, ки танҳо изҳороти шахсони расмиро интишор намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.